Мехоҳӣ бизнеси худро сар кунӣ, вале намедонӣ аз куҷо ва чӣ тавр оғоз кунӣ? Парво накун. Ман дар ин курс қадам ба қадам ба ту нишон медиҳам, ки чӣ гуна бизнесатро дуруст оғоз кунӣ ва ба аввалин муштарии худ бирасӣ.
Ҷойҳо маҳдуданд. Гурӯҳи аввал бо нархи махсус.
Ман, Санҷар Ҳошимӣ — маркетолог, барномасоз ва соҳибкори тоҷик.
Ман ҳам як вақт бо идея дар сар ва бидуни таҷриба оғоз карда будам. Хато кардам, вақт ва пул сарф кардам, вале роҳи худро ёфтам. Акнун мехоҳам ин роҳро барои ту кӯтоҳтар кунам.
Дар гузашта рӯзноманигор будам. Баъд аз муҳоҷират ба Аврупо, бо тақозои замон самтамро иваз кардам ва аз журналистика ба IT, ва тиҷорат гузаштам.
Аз журналистӣ → муҳоҷират → коргарӣ → IT → бизнес.
Имрӯз:
Ман ба ту назарияи хушк не — роҳи амалӣ нишон медиҳам.
Агар ҳоло ин фикрҳо дар сарат бошанд — дар ҷои дуруст ҳастӣ:
Ин ҳама маъмулӣ аст. Ин нишонаи он аст, ки ту омодаӣ —
танҳо ба роҳбалад ниёз дорӣ.
Ин курс ба ту нишон медиҳад, ки чӣ гуна:
медонӣ чӣ мефурӯшӣ ва ба кӣ
ки муштарӣ «бале» мегӯяд
қадам ба қадам, бе саргардонӣ
бе буҷети калон
чӣ гуна ва аз куҷо пайдо кунӣ
Дарсҳо 6 ҳафта давом мекунанд(ҳафтае 2 бор) аз 8 бахш иборатанд — ҳар бахш ба натиҷаи мушаххас мебарад:
Пояи бизнес
→ бизнес чист, чӣ гуна сар кунӣ
Ниша ва идея
→ чӣ интихоб кунӣ ва чӣ тавр санҷӣ
Муштарӣ ва мушкил
→ дард, орзу, тарс
Пешниҳод
→ чӣ тавр чизеро фурӯшшаванда кунӣ
Маркетинг ва social media
→ чӣ нависӣ, чӣ тавр дида шавӣ
AI дар бизнес
→ prompt, контент, стратегия
Аввалин муштарӣ
→ чӣ гуна воқеан фурӯш кунӣ
Нақшаи амал
→ чӣ гуна баъди курс гум нашавӣ ва бизнесатро ба ҳаракат дарорӣ
барои ҳар қадами бизнес: идея, контент, фурӯш
барои 3 нафари фаъолтарин бо Санҷар
барои гурӯҳи аввал
Бале. Курс маҳз барои онҳое сохта шудааст, ки аз сифр сар мекунанд. Агар таҷриба дошта бошӣ ҳам, мушкиле нест — вале ин курс ба онҳое бештар ёрӣ медиҳад, ки ҳанӯз оғоз накардаанд.
Бале, агар идея надоред ҳатман дар ҷараёни курс соҳиби идея хоҳад шуд:)
Не. Мо AI-ро аз нуқтаи сифр меомӯзем — бе истилоҳоти мушкил. Ту бо промтҳои тайёр кор мекунӣ.
Мақсади ман ин аст — аммо натиҷа аз кӯшиши ту вобаста аст. Мо ҳама асбобҳоро медиҳем. Ту бояд онҳоро истифода барӣ.
Шояд ҳоло ҳанӯз ҳама чиз барои ту равшан нест. Шояд ҳоло ҳам савол дорӣ, тарс дорӣ ё намедонӣ то куҷо мерасӣ. Ин маъмулӣ аст. Муҳим он аст, ки дар як ҷо намонӣ. Ин курс барои он сохта шудааст, ки ба ту аз сифр роҳи равшан нишон диҳад — то ту бизнесатро дуруст оғоз кунӣ ва ба аввалин муштарии худ бирасӣ.